Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дастаи олимпии Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ дар Қатар


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар бо бошгоҳи маҳаллӣ бозии санҷишӣ анҷом дод.

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дастаи «Ал-Вааб» буд, ки дар дивизиони якуми Қатар бозӣ мекунад.

Бозии санҷишӣ, ки 8-уми апрел дар варзишгоҳи «Ал-Арабӣ»-и шаҳри Доҳа баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бошгоҳи қатарӣ ба поён расид.

Легионери марокашӣ Янис Фатҳиддин, аз дастаи «Ал-Вааб», дар дақиқаи 30-юм, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дуюми мизбононро собиқ бозигари мунтахаби ҷавонони Сенегал Бернард Файе Бабакар дар дақиқаи 40-ум зад.

Голи ягонаи дастаи Тоҷикистонро Руслан Хайлоев дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 83-юм, ба самар расонд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Қатар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) рақобат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Қатар:

Дарвозабонҳо: Мухриддин Ҳасанов («Истиқлол», Душанбе), Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд», Хуҷанд), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Равшан», Кӯлоб);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»), Ҳайдар Сатторов, Бекмурод Ҳаитов (ҳарду аз «Вахш», Бохтар), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов (КМВА, Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Алишер Шукуров («Динамо», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarriа», Испания), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Ҳосилот», Фархор);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров, Меҳрон Мадаминов (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG