Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодӣ Ҳафиззода раиси дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ шудааст


​​​​​​​Шодӣ Ҳафиззода
​​​​​​​Шодӣ Ҳафиззода

​​​​​​​Шодӣ Ҳафиззода, сардори собиқи Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ (УБОП), раиси Дастгоҳи ВКД таъин шудааст. Ин генерали 43-сола аз наздикони вазир Рамазон Раҳимзода аст.

Мақомот расман дар ин бора хабар надодаанд, вале чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми апрел дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Шодӣ Ҳафиззода ҳафтаи гузашта корро дар мақоми нав оғоз кард.

Баъзе аз намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рӯзи 4-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ Ҳафиззодро ба мақоми наваш табрик гуфтанд.

Шодӣ Ҳафиззода ва чанд мансабдори дигари Вазорати корҳои дохилиро дар аввали моҳи феврал аз мансаб барканор карданд. Сабаби тасмимро нагуфтанд, аммо барканории гурӯҳии мансабдорони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар он ҷаласа дар моҳи январи имсол, ба иттилои расмӣ, президенти Тоҷикистон мақомоти интизомиро барои "бесалоҳиятӣ, сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, афзудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ ва қочоқи маводи мухаддиру молу маҳсулот" танқид кардааст.

Шодӣ Ҳафиззода аз соли 2017 дар мансаби сардори Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ кор мекард. Намояндагони мухолифон борҳо ӯ ва раёсати зери раҳбарияшро ба боздошту шиканҷаи дигарандешон танқид кардаанд.

Аз ҷумла, худаш моҳи июли соли 2022 хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро "ба узвият дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ" муттаҳам карда буд. Дертар додгоҳ Ғурбатиро ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард, вале худаш дар номае гуфт, ки гуноҳ надорад ва зери фишор баёнот дод.

XS
SM
MD
LG