Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Украина дар ниҳоят ба НАТО хоҳад пайваст"


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО
Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 4-уми апрел гуфт, Украина дар ниҳоят ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мепайвандад. Ба гуфтаи Энтони Блинкен, Украина аз пуштибонии қавии кишварҳои узви НАТО барои пайвастан ба ин паймон бархӯрдор аст.

Блинкен пас аз нишасти вазирони корҳои хориҷии узви паймони НАТО ба хабарнигорон дар Брюссел гуфт, "Украина узви НАТО хоҳад шуд. Ҳадафи мо дар ин нишаст, кумак ба эҷоди пуле барои узвияти ин кишвар аст."

Муттаҳидони НАТО дар нишасти соли 2023 дар Литва тавофуқ карданд, ки Украина дар сурати амалӣ кардани шартҳои хос метавонад ба НАТО пайвандад. Аммо танқидҳои Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва ҳампаймонҳояш дар ҷумҳуриҳои наздики Балтика дар бораи нотавонии НАТО дар расидан ба ҳадафҳои муайян ва ҷадвали замонӣ, монеи амалӣ шудани ин кор шуд.

Пуштибонҳои Украина дар ҳоли эҷоди роҳҳалҳое барои нишон додани ҳимояти қавии байнулмилалӣ аз Киев ҳастанд, то дар нишасти ояндаи НАТО дар Вашингтон ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси ин созмон эълом шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки нигарониҳо дар бораи ҳимояти молӣ нашудани Украина аз сӯи Амрико бинобар мухолифати ҷумҳурихоҳон, ба ин тарҳ соя афкандааст.

Нишасти дурӯзаи НАТО рӯзи чаҳоршанбе дар Брюссел ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси ин паймони бузургтарини байнулмилалӣ оғоз шуд.

Ин созмон 75 сол пас аз таъсис 32 узв дорад, ки аъзои нави он Шветсия ва Финландия пас аз ҳамаи низомии Русия ба Украина ба он пайвастанд.

Дар маросими 75-умин солгарди таъсиси ин созмон, ки дар ҳоли баргузор шудан аст, дипломатҳои баландпояи узви ин созмон бо ишора ба ин ки Русия дар ҷанги Украина дасти боло дорад, уҳдадор шуданд, ки ба ҳимояти иқтисодӣ ва низомии Украина идома диҳанд.

Талошҳои аслии НАТО аз замони оғози ҷанг дар Украина дар феврали соли 2022, ба тақвияти марзҳо дар наздикии Русия ва Украина равона шудааст, то Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро аз ҳамла ба муттаҳидони баъдӣ боздорад.

Владимир Путин қаблан изҳори назар карда буд, ки яке аз сабабҳои ҳамлааш ба Украина, густариши марзҳои НАТО ба наздикии хоки Русия аст.

Русия рӯзи панҷшанбе низ бо интиқод аз амалкардҳои НАТО эълон кард, ки ин паймон ба тарзи фикри даврони Ҷанги Сард бозгаштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG