Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: ИМА ба Русия гуфта буд, ки ба "Крокус" ҳамла мешавад


Гиромидошти ёди қурбониёни ҳамла ба "Крокус Ситти Ҳолл"
Гиромидошти ёди қурбониёни ҳамла ба "Крокус Ситти Ҳолл"

Расонаҳои мӯътабари амрикоӣ навиштаанд, ки Амрико ба Русия гуфта будааст, ки ҳамлаи террористӣ эҳтимол дар маҷмааи “Крокус Ситти Ҳолл” сурат бигирад.

Нашрияи New York Times ва Washington Post аз қавли манбаҳои худ дар Хадамоти иктишофии Амрико навиштаанд, ки тақрибан ним моҳ пеш аз ҳодиса Амрико Русияро огоҳ карда будааст, ки хатари ҳамлаи террористӣ аз ҷониби гурӯҳи даҳшатафкани ДОИШ ба “Крокус Ситти Ҳолл” вуҷуд дорад.

Рӯзи 7-уми март сафорати ИМА дар Русия шаҳрвандони Амрикоро ҳушдор дода буд, ки аз рафтан ба толорҳои мусиқӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунанд, чун дар ин кишвар эҳтимоли рӯй додани ҳамлаи террористӣ вуҷуд дорад. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, пеш аз эълони расмӣ ба Русия дар бораи ин ҳамла хабар дода будаанд.

Сергей Наришкин, раҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфтааст, ки воқеан Амрико ба онҳо чунин хабар дода буд, вале хабар умумӣ буд ва имкон намедод, ки ҷинояткорон шиносоӣ шаванд.

Нашрияҳои амрикоӣ навиштаанд, ки Амрико наметавонист ҷузъиёти хабарро бидиҳад, чун ин ба хабаррасонҳо хатар эҷод мекард.

Аксари коршиносон мегӯянд, Русия ё ин хабарро ҷиддӣ нагирифт ё иҷоза дод, ки ин ҳодиса сурат бигирад. Аз ҷумла, Анвар Деркач, рӯзноманигор мегӯяд, далелҳои мантиқӣ нишон медиҳанд, ки зоҳиран Русия аз ин ҳодиса огоҳӣ дошт, вале онро пешгирӣ накард, чун хост аз он ба манфиати сиёсии худ истифода кунад.

"Ин ҳодиса ба мақомоти рус имкон медиҳад, ки фишорро болои ҷомеа афзоиш диҳанд. Вақте намоишкорона гуш мебуранд, пас интизори амалҳои дигари ваҳшиёна бояд буд. Аз ин пас онҳо ҳар касеро, ки ҷинояткор гуфтанд, пас, набояд ҷомеа ба ҳарфи онҳо шубҳа кунад ва онҳо ҳар касеро хостанд, гуш мебуранд. Ин аз нигоҳи ман як гардиши ҷидди дар сиёсати Русия аст. Маънояш ин аст, ки мо ҳар хеле хоҳем рафтор мекунем ва пеши моро касе гирифта наметавонад,"—гуфт Анвар Деркач.

Рӯзи 22-юми март ба толори консертии "Крокус Ситти Ҳолл" ҳамла сурат гирифт ва 144 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ гаштанд. ДОИШ бо нашри наворе эътироф кард, ки ҳамла кори онҳост. Владимир Путин, президенти Русия бе пешниҳоди далеле ҳамларо “кори Украина” номид. Украина даст доштанаш дар ин ҳамларо рад кард.

Мақомоти рус чанд шаҳрванд ва зодагони Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ҳамла боздошт кардаанд. Ҳанӯз ҳеч далели даст доштани боздоштшудаҳо дар ҳамла пешниҳод нашудааст, ки ин шубҳаҳоро бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG