Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 29 кас дар оташсӯзии як клуби шабона дар Туркия


TURKEY-FIRE/
TURKEY-FIRE/

Дар маркази шаҳри Истамбули Туркия дар клуби шабонаи Masquerade оташ сар зад. Дар ин оташсӯзӣ 29 кас кушта ва як тан ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Истамбул, сӯхтор соати 12:47 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар таҳхонаи бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сар задааст. Дар ду ошёнаи таҳхона клуби шабона ҷойгир буд, ки дар он таъмир ҷараён дошт.

Ба иттилои пешакӣ, ҳамаи фавтидаҳо сохтмончиён ҳастанд.

Расонаҳои Туркия навиштанд, дар робита ба оташсӯзӣ шаш кас боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG