Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ниммарафони байнулмилалӣ доир мегардад


Race in Tajikistan
Race in Tajikistan

20-уми апрел дар Душанбе ниммарафони XIV  байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегардад.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик, инчунин давандаҳо аз кишварҳои хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.

Ниммарафони байнулмилалӣ бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони XIV байнулмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 546 860 сомонӣ ихтисос додааст.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байнулмилалӣ аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байнулмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Аммо соли 2020 ниммарафони байнулмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Ниммарафони XIII байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 15-уми апрели соли 2023 дар Душанбе доир гардида буд, бо пирӯзии давандаҳо аз Узбекистон ба анҷом расид.

Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар гирифт, аз шоҳроҳи назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ба поён расид.

Дар байни мардон Шоҳрух Давлатов аз Узбекистон ғолиб шуд. Тилаҳун Гирма аз Эфиопия ҷойи дувум ва Раҳимҷон Ҳелманов аз Қазоқистон ҷойи севумро гирифтанд.

Се варзишгари тоҷик – Самариддин Азимов ҷойи чорум, Зуҳуршоҳи Наҷмиддин ҷойи панҷум ва Меҳроб Одинаев ҷойи шашумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Екатерина Тунгускова аз Узбекистон ғолиб омад. Ҷойи дувум насиби Уляна Кузминова аз Тоҷикистон гардид. Ҷойи севумро Зулҳиҷа Ғаффорзода аз Тоҷикистон азони худ кард.

Инчунин се ҷойи баъдиро варзишгарони тоҷик Раҷабмоҳ Абдуллоева (ҷойи чорум), Маҳина Баротова (ҷойи панҷум) ва Марҷона Маҳкамбекова (ҷойи шашум) касб карданд.

Соли гузашта ғолибони ниммарафони байнулмилалӣ миёни мардону занон бо 39 ҳазору 200 сомонӣ, ҷойҳои дувум - 33 ҳазору 600 сомонӣ, севум - 28 ҳазор сомонӣ, чаҳорум - 22 ҳазору 400 сомонӣ, панҷум - 20 ҳазору 160 сомонӣ ва шашум - 16 ҳазору 800 сомонӣ ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар сездаҳ даври ниммарафони байнулмилалӣ ҷойи дувум миёни занон ва ҷойи чаҳорум байни мардон мебошад.

Ҳамаи ғолибони ниммарафони байнулмилалии Душанбе:

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022 - Тоо Лазарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

2023 - Екатерина Тунгускова (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG