Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба консулгарии Эрон дар Сурия. Теҳрон: "Паём ба Амрико фиристода шуд"


APTOPIX Syria Israel
APTOPIX Syria Israel

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии рӯзи душанбе ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ, ки ба Исроил нисбат дода мешавад, ду генерал ва 5 афсари Сипоҳи посдорон ҷон бохтаанд. Эрон хостори нишасти фаврии Шӯрои амнияти СММ шудааст.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон субҳи сешанбе дар шабакаи Х бо эълони ин хабар навишт, ки паёми муҳиме ба давлати Амрико, ки пуштибони Исроил мебошад, фиристода шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон кордори сафорати Шведсия ба унвони ҳимоятгари манфиатҳои Амрико дар Эронро даъват кардааст.

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Эрон, дар ин даъват, ки соати 00:45 сешанбе анҷом шуд, "паёмадҳои ҳамлаи террористӣ ва ҷинояти режими Исроил фаҳмонида ва масъулияти давлати Амрико мавриди таъкид қарор гирифт".

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ниҳоят таъкид кардааст, ки "Амрико бояд посухгӯ бошад".

Ҳамлаи ҳавоӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ боиси кушта шудани 7 афсари Сипоҳи посдорон, аз ҷумла, Муҳаммадризо Зоҳидӣ, аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳ шудааст. Консулгарии Эрон дар паҳлуи сафорати ин кишвар ҷойгир аст.

Пойгоҳи хабарии "Чамарон" аз Муҳаммадризо Зоҳидӣ ба унвони фармондеҳи пешини нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон ва аз аъзои фаъоли нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорон ном бурдааст, ки фармондеҳии ин нерӯ дар Сурия ва Лубнонро бар ӯҳда доштааст.

Мақомоти Эрон таъкид кардаанд, ки ин ҳамла нақзи қонунҳо ва ӯҳдадориҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ аст ва намояндагии Эрон дар СММ хостори баргузории нишасти фаврии Шӯрои Амният шудааст.

Заҳро Иршодӣ, муовини намояндаи доимии Эрон дар СММ таъкид кардааст, ки кишвараш "ҳаққи қонунӣ ва зотии худро бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва маншури СММ барои посухи қотеъ ба ин гуна иқдомҳои террористӣ маҳфуз медорад".

Исроил ба таври маъмулӣ аз тасдиқ ва радди ин гуна ҳамлаҳо худдорӣ мекунад. Рӯзи душанбе сухангӯи артиши Даниэл Агари гуфт, дар бораи ин ё он ҳамла, ки дар расонаҳои хориҷӣ нашр шудааст, изҳори назар намекунад ва таваҷҷуҳи асосии артиши Исроил дар ҳоли ҳозир ба ҷанги Ғазза аст.

Яке аз сухангӯёни Кохи Сафед низ гуфтааст, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз гузоришҳо дар бораи ҳамлаи ҳавоӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ огоҳ шудааст ва як тим аз Кохи Сафед дар ҳоли баррасии ин ҳодиса аст.

Бар асоси гузориши расонаҳои Сурия, мушакҳои исроилӣ аз тарафи "Ҷулони ишғолӣ" партоб шуд ва системаи дифои ҳавоии Сурия шуморе аз онҳоро роҳгирӣ кард, аммо мушакҳое, ки ба ҳадаф расид, сабаби "вайронии комили бино ва кушта ва захмӣ шудани ҳамаи афроди дохили он шуд".

Бархе расонаҳои дигар гузориш доданд, ки ҳамла тавассути ҳавопаймоҳои ҷангӣ сурат гирифтааст.

Ҳарчанд Исроил беш аз як даҳсола аст, ки ба "пойгоҳҳои вобаста ба Эрон" бо ҳадафи пешгирӣ аз нуфузи низомии Эрон ва муттаҳидони он дар Сурия ҳамла мекунад, аммо ин нахустин бор аст, ки биноҳои вобаста ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҳадафи ҳамлаи мустақими Исроил қарор мегирад.

Ин амр метавонад нишонае аз печидатар шудани бӯҳрони Ховари Миёна дар пайи ҷанги Ғазза ва афзоиши амалиёти Исроил дар минтақа бошад. Маълум нест, ки Эрон ба ин ҳамла чӣ гуна вокуниш нишон хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG