Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мард дар пайванд ба "куштори номусӣ" дар Покистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Покистон рӯзи 31-уми март як мардро дар робита ба "куштори номусӣ"-и хоҳараш дастгир кард.

Ба иттилои расмӣ, Шаҳбоз лаҳзаи чӣ гуна аз тарафи бародараш, Муҳаммад Файсал, буғӣ шудани хоҳарашонро ба навор гирифтааст.

Мария Бибии 22-сола рӯзи 17-уми марти имсол аз ҷониби бародараш Муҳаммад Файсал ва дар ҳузури падараш Абдул Саттор дар вилояти Панҷоб кушта шуд.

Дар видеое, ки аз ҷониби бародари дигари ӯ Шаҳбоз сабт шудааст, дида мешавад, ки Файсал ӯро дар хонаашон дар ҷойи хоб буғӣ мекунад. Падарашон дар наздикӣ нишаста будааст.

Қатли зан барои гуё ҳифзи обрӯи оила дар Покистон ҳодисаи нав нест. Ин ҷиноят маъмулан аз сӯйи мардони хонавода, падар писар ва ё бародару амакбачаҳо содир мешавад. Дар аксар маврид айбдоршаандаҳо аз сӯйи хонаводаҳо бахшида мешаанд ва ин ҳолат сабаби беҷазо мондани онҳо мегардад.

Бо ин вуҷуд баъд аз қатли Қандил Балуч ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз сӯйи бародараш, порлумони Покистон дар мавриди куштори номусӣ дар қонун ислоҳот ворид кард. Тибқи қонуни нав, фарде, ки ба куштори номусӣ даст мезанад, ҳатто агар аз ҷониби хонавода бахшида шавад ҳам дар сурати исботи гуноҳаш дар додгоҳ, ба ҳабси абад маҳкум мешавад.

XS
SM
MD
LG