Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали рус гуфт, эҳтимол дар сари ҳамлагарони "Крокус" чип гузоштаанд


Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон
Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон

Сардори пешини намояндагии "Интерпол" дар Русия, генерал-майори мустаъфӣ Владимир Овчинский дар Шабакаи аввали Русия гуфтааст, эҳтимол дар мағзи сари омилони ҳамла ба толори "Крокус"-и Маскав чип ҷойгир карда шудааст.

Ин суханҳои Овчинскийро, ки дар барномаи "Время покажет"-и Шабакаи аввали Русия садо доданд, нашрияи "The Moscow Times" иқтибос овард.

"Ҳуши омилонро қатъ карда буданд. Ба эҳтимоли зиёд маводи психотропиву барномасозии нейропсихологӣ якҷоя амал мекарданд ва шояд чип низ гузошта буданд. Зеро имрӯз нейробиология идораи шахсро имконпазир мегардонад", - изҳор доштааст ӯ. Ягон ширкатдори барнома ин изҳоротро ба баҳс накашид.

Муҷрии барнома Анатолий Кузичев дар навбати худ ба нашрияи "Подём" гуфтааст, ки "ба эфири онҳо шахсони тасодуфӣ роҳ намеёбанд ва ҳамаи ширкатдорон шахсиятҳои босалоҳият ва ҷиддӣ ҳастанд".

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб дидаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Баъзе аз мансабдорони баландпояи Русия, аз ҷумла Николай Патрушев, дабири Шӯрои Амнияти ин кишвар бе пешниҳоди далеле мегӯянд, ки дар паси ташкили ҳамлаи террористӣ мақомоти Украина меистанд. Президент Владимир Путин низ дар бораи эҳтимоли дахолати Украина сухан гуфт. Киев ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард.

Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун нуҳ нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳашт нафар аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG