Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи Southwind Airlines баст


Иттиҳоди Аврупо аз 28-уми март фазои худро ба рӯйи ҳавопаймоҳои ширкати Southwind Airlines бастааст.

Ин ширкат дар Туркия қароргоҳ дорад, аммо масъулони бахши ҳавонавардии Финляндия гуфтаанд, ки дар асл онро Русия идора мекунад.

Финландия рӯзи 25-уми март монеи парвози ҳавопаймоҳои Southwind Airlines ба қаламрави худ шуд.

Аз 27-уми феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, парвози ҳавопаймоҳои вобаста ба Русия дар фазои Иттиҳоди Аврупо манъ шудааст.

Ширкати Southwind Airlines дар соли 2022, чанде пас аз ҳамлаи Русия ба Украина таъсис ёфтааст. Идораи марказии он дар Анталия ҷойгир аст.

Рӯзномаи олмонии Bild менависад, се ҳавопаймои онро аз ширкати русии Nordwind гирифтаанд.

Ҳавопаймоҳои Southwind Airlines аз Туркия ба Русия, Олмон, Швейтсария, Юнон ва Мақдунияи Шимолӣ парвоз анҷом медоданд.

XS
SM
MD
LG