Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳноза Нодирӣ: Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия афзудааст


Маъмурони пулиси Русия санади яке аз муҳоҷиронро месанҷанд
Маъмурони пулиси Русия санади яке аз муҳоҷиронро месанҷанд

Як намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, пас аз ҳамлаи рӯзи 22-юми март дар канораи Маскав бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба кишвар афзуд.

Хабаргузории давлатии "ТАСС" рӯзи 30-юми март аз қавли муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ навишт, ки шахсони зиёде бо нияти баргашт бо онҳо тамос мегиранд.

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри чанд рақами телефон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, дар сурати пайдо шудани мушкил ба онҳо занг зананд.

Тақрибан даҳ рӯз пеш шуморе аз афроди мусаллаҳ ба як толори консертӣ дар канораи Маскав, пойтахти Русия, ҳамла карданд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар ин ҳамла 144 нафар ҷон бохта, даҳҳо кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Русия то кунун 9 нафарро ба ҳабс гирифтаанд, ки ҳашт нафари онҳо аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон ҳастанд.

Пас аз ин, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, муносибат бо коргарон аз Осиёи Марказӣ тағйир ёфт. Ҳуқуқдон Валентина Чупик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз дар бораи бадрафториву боздошти шаҳрвандони Осиёи Марказӣ на камтар аз ҳазор шикоят мегирад.

Вай мегӯяд, зиндагӣ дар Русия барои муҳоҷирон пурхатар шудааст ва барои пешгирӣ аз фоҷеа, машварат медиҳад, ки аз рӯи имкон феълан ин кишварро тарк кунанд.

Антон Глушков, раиси иттиҳодияи сохтмонӣ дар Русия, рӯзи 29-уми март ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфт, дар пайи хуруҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия, камбуди нерӯи корӣ дар ин кишвар афзоиш ёфта, ба сохтмони биноҳо таъсир хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG