Дафтари матбуоти додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ба Интерфакс гуфт, аризаи мақомоти тафтишотиро дар бораи ба ҳабс гирифтани Лутфуллои Назримад қабул кардааст.
Додгоҳ гуфтааст, нисбати Лутфуллои Назримад аз рӯи моддаи “анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон шудааст”, иттиҳом эълон шудааст.
Ин шахс кӣ асту чӣ гуна метавонист дар ташкили ҳамла иштирок кунад, маълум нест. Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад. Вале бархе расонаҳои русӣ навиштанд, Лутфуллои Назримад як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус сити ҳолл" барои дағалӣ бо полис боздошт ва ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум шуд. Додгоҳи Преображенски шаҳри Маскав, ки ҳукми онро РИА Новости нашр намуд, навиштааст, ки ҳангоми санҷиши полис дар атрофи макони таркиш рӯзи 23 март, Лутфуллои Назримад нисбат ба полис "бисёр дағалона рафтор мекард ва бо садои баланд гап мезад". 25 март бо ҳукми додгоҳ ӯро барои авбошӣ ҳабс карданд.
Ҳамакнун мақомот гуфтанд, ки гӯё рабт доштани ӯ ба ҳамларо собит кардаанд.
Қаблан мақомоти Русия гуфтанд, талаби ҳабси нафареро ҳам хоҳанд кард, ки дар маблағгузории ҳамлагарон кӯмак кардааст.
Рӯзи 28 март Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, боз як нафарро бо гумони ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити холл" боздошт карданд.
Ин ниҳод гуфт, боздоштшуда дар нақшаи маблағгузории иҷрокунандаҳои эҳтимолии ин ҳамла иштирок кардааст. Ҷузъиёти вобаста ба шахсияти ин нафар, аз ҷумла, шаҳрвандии ӯ нашр намешавад. Кумитаи тафтишотӣ танҳо гуфтааст, ки аз додгоҳ тақозо мекунад, ки ин шахс ба ҳабс гирифта шавад.
Ин ниҳод инчунин гуфт, ки гӯё иртиботи ҳамлагарон бо миллатгароҳои украиниро собит кардааст. Дар иттилоияи Кумитаи тафтишоти Русия омадааст: «Тафтишот далели тасдиқшуда дорад, ки иҷрокунандаҳои амали террористӣ пулҳои калон ва криптовалютаро аз Украина дастрас карданд, то дар омодагӣ ба ҷиноят истифода шавад».
Дар иттилоия омадааст, ки далелҳои мӯътамад баъди таҳқиқи дастгоҳҳои фаннии аз дасти боздоштшудаҳо бадастомада ошкор гардид. Иттилои аз ин беш дода намешавад.
Дар ҳамлаи рӯзи 22 март ба "Крокус Сити холл" 143 нафар кушта шуд ва мақомоти рус дар охирин изҳороташон гуфтанд, дар ташкили ин ҳамла 12 нафар гумонбар дониста мешаванд. То ҳол дар бораи ҳабси ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон маълум шудааст.