Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон як зану шавҳар мехостанд, дугоникҳои навзодро бо хона иваз кунанд


Додгоҳе дар Узбекистон парвандаи зану шавҳареро баррасӣ мекунад, ки дар талоши иваз кардани навзодони дугоники худ бо хонаи якҳуҷраӣ айбдор мешаванд.

Аз маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар доданд, мард гуфтааст, расман бо зани дигаре дар қайди никоҳ аст ва аз вай чаҳор фарзанд дорад. Аз ҳамсари дигараш, ки бар асоси никоҳи динӣ зиндагӣ мекард, соҳиби дугоник шудааст.

Ба далели мушкили молӣ, зану мард хостаанд, навзодони худро, ки ҳарду духтар ҳастанд, бо хонаи якҳуҷраӣ иваз кунанд. Мақомоти Узбекистон онҳоро ҳангоми дарёфти санадҳои манзил боздошт кардаанд.

Нисбати ин зану мард бо моддаи "савдои инсон" парванда боз ва мард ба шаш соли зиндон ва зан ба се соли зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG