Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба вакилони мудофеи гумонбарони ҳамла ба "Крокус"


Чор гумонбари ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"
Чор гумонбари ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"

Вакилони мудофеи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити"-и шаҳри Маскав бо таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.

Вакилони мудофеъ ба ҷони худ ва наздиконашон таҳдид гирифтаанд.

Пештар хабаргузории ТАСС навишта буд, ки ҳеч вакили мудофеъ розӣ нашудааст, ки аз ҳуқуқи гумонбарони ҳамла дифоъ кунад. Акнун аз ҳуқуқи гумонбарон вакилоне ҳимоят мекунанд, ки аз сӯи давлат таъйин шудаанд ва ҳаққи рад карданро надоранд.

Ба ҳамаи гумонбарони ҳамла зиндони якумрӣ таҳдид мекунад.

Ҳамла ба толори мусиқии “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шоми 22-юми март рӯй дод. Бино ба омори мақомоти Русия, дар ин ҳодиса 139 кас кушта, 182 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG