Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадумаров ба хиёнат гунаҳкор шуд, вале аз толори додгоҳ озод гардид


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март иттилоъ дод, ки Мадумаров ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор аз толори додгоҳ озод карда шудааст.

Муҳокимаи парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро рӯзи 2-юми сентябри соли 2023 нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карданд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфт, ки Мадумаров ба "хиёнат ба давлат" муттаҳам мешавад.

Убалиева тасдиқ кард, ки парванда ба санади қитъаи Торт-Кочо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад.

Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст. Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро "сиёсӣ" номид.

XS
SM
MD
LG