Дар шаҳри Қаршии Узбекистон навзодеро зери пиллаҳои беморхона гузоштаанд.
Рӯзи 26 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, аз дохили халтае зери пиллаҳо навзодеро пайдо мекунанд.
Ин ҳодиса дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Қаршӣ рух додааст.
Маълум нест, модари навзод кист.
Пештар аз ин дар Самарқанди Узбекистон дугоникҳои навзодро аз назди даҳлези бисёрошёна ёфта буданд.