Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик ба Туркия мераванд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 29-31-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2024” иштироки 661 варзишгар (373 мард ва 288 зан) аз 96 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд:

Мардон

-60 кг – Меҳрзод Суфиев

-60 кг – Ҳақдод Гулов

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Абубакр Шеров

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён

-90 кг – Умедҷон Раҷабов

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Парвиз Абдураҳмонов

Занон

-52 кг — Аҳлия Муъминова

-52 кг – Насиба Карликова

Барномаи мусобиқа:

29-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

30-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

31-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Зимнан, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Antalya Grand Slam 2023” Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар намояндагӣ карда, натавонистанд медал бигиранд.

Соли 2022 бошад, дар " Antalya Grand Slam” аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Темур Раҳимов соҳиби ҷоиза гардида буд. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG