Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"КазМунайГаз" танҳо як шарти нафткашҳои норозиро иҷро мекунад


Ширкати миллии "КазМунайГаз" розӣ шудааст, ки заминаи моддию техникии ширкати нафтии "West Oil Software"-ро навсозӣ кунад.

Ширкати миллии "КазМунайГаз" розӣ шудааст, ки заминаи моддию техникии ширкати нафтии "West Oil Software"-ро навсозӣ кунад.

Мудири ширкат Нурсеит Союнов ба расонаҳо гуфтааст, дар доираи замонависозии парки нақлиётӣ то охири имсол беш аз 70 техника харидорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, "КазМунайГаз" дар се сол зиёда аз 200 техникаи худро нав хоҳад кард. Ҳамчунин ширкат тасмим дорад, ки бинои истеҳсолии худро замонавӣ кунад.

Союнов афзуд, 143 корманди норозие, ки ба маҳалли кори худ баргаштанд, моҳи март маош гирифтаанд.

Кормандони ширкати "West Oil Software" аз моҳи декабри соли гузашта бо талаби маоши бештару шароити кории беҳтар эътироз мекунанд. Додгоҳи вилояти Манғистау ахиран эътирози кормандонро ба далели баргузории он дар иншооти истеҳсолии хатарнок ғайриқонунӣ номид. "West Oil Software" моҳи феврали имсол шартномаи ҳамкорӣ бо 50 кормандро якҷониба қатъ кард.

XS
SM
MD
LG