Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза


Ҷанг дар Ғазза зиёда аз панҷ моҳ аст, ки идома дорад
Ҷанг дар Ғазза зиёда аз панҷ моҳ аст, ки идома дорад

Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе қатъномаеро қабул кард, ки қатъи фаврии даргириҳо дар навори Ғаззаро талаб мекунад.

Дар санад ҳамчунин гуфта шудааст, асирони исроилӣ, ки аз сӯи гуруҳи "Ҳамос" гаравгон гирифта шудаанд, бояд фавран ва бечунучаро озод шаванд. "Ҳамос" дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст.

Қатънома аз ҳар ду ҷониб талаб мекунад, ки даргириҳоро дар моҳи Рамазон қатъ ва интиқоли бидуни танаффуси кумаки башардӯстонаро ба навор таъмин кунанд.

Ин санадро 10 узви шӯро таҳия карданд ва аз сӯи Мозамбик пешниход шуд. Русия талош кард, талаби оташбаси "доимӣ"-ро илова кунад, аммо пешниҳод рад шуд. ИМА, ки дар баррасии қатъномаҳои ҳамсон се бор аз ҳаққи вето истифода кард, ин бор раъй надод.

Русия ва Чин ба гузинаҳои пешини қатънома, ки аз сӯи Амрико пешниҳод шуда буданд, вето гузоштанд.

XS
SM
MD
LG