"Даромадани онҳо ба Русия барои он ки қаблан қонуни муҳоҷиратро нақз кардаанд, манъ шудааст. Ҳамаи онҳо бо наздиктарин парвоз ба Қирғизистон баргардонида мешаванд", - гуфтанд дар сафорат.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки як гуруҳи қирғизистониҳо дар фурудгоҳи Шереметево дармондаанд ва ба онҳо иҷозати вуруд ба Русияро намедиҳанд.
Сафорат шумори қирғизистониҳоеро, ки дар фурудгоҳи Маскав дармондаанд, дақиқ нагуфтааст. Яке аз ин қирғизистониҳо гуфт, ҳуҷҷатҳояшонро гирифтаанд ва дар утоқе нигаҳдорӣ мешаванд.
Санҷиши муҳоҷирон дар Русия баъди ҳамла ба "Крокус Сити Холл" дар канори Маскав пурзӯр шудааст. Дар натиҷаи ҳамла 137 кушта ва беш аз 180 нафар захмӣ шудааст.
Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" бар зимма гирифт.