Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат дастур дод, ки даҳҳо хонаводаро ба ҷойи бехатар кӯчонанд


Гуруҳе аз муҳоҷирони дохилӣ. Акс аз бойгонӣ
Гуруҳе аз муҳоҷирони дохилӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад давоми ду соли оянда 525 хонаводаро аз минтақаҳои хавфнок ба водиҳо кӯчонад. Дар Тоҷикистон онҳоро муҳоҷирони экологӣ мегӯянд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад давоми ду соли оянда 525 хонаводаро аз минтақаҳои хавфнок ба водиҳо кӯчонад. Дар Тоҷикистон онҳоро муҳоҷирони экологӣ мегӯянд.

Бар асоси нақшае, ки Радиои Озодӣ 25-уми март бо он шинос шуд, ин хонаводаҳоро то соли 2026 асосан аз минтақаҳои куҳӣ ва ҷойҳое, ки барои зиндагӣ хавноканд ба маконҳои бехатар кӯчонда мешаванд. Аз ҷумла даҳҳо хонаводаро аз ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ ва Деваштич ба ноҳияи Зафаробод мекӯчонанд.

Ин таҷриба солҳост, ки дар Тоҷикистон амал мекунад, аммо бархе сокиноне, ки кӯчонда шудаанд аз набудани шароити муносиби зиндагӣ дар ҷойи нав шикоят мекунанд. Аз сабаби набудани шароити зарурӣ дар ҷойи нав, баъзе сокинон ба маконҳои қаблиашон бармегарданд.

XS
SM
MD
LG