Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳо дар Яғноб то 8 соат дар рӯз барои таҳияи ғизо сарф мекунанд - САҲА


Акс аз гузориши САҲА
Акс аз гузориши САҲА

САҲА мегӯяд, барои 20 хонаводае дар водии Яғноб, ки ҳамарӯза бо камбуди энерживу маводи сӯхт рӯбарӯ ҳастанд, дастгоҳҳое насб каданд, ки бо нирӯи энержии табиӣ таъмин мекунад.

Ин кор дар доираи тарҳи “Тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занони Осиёи Марказӣ дар бахши энержӣ” анҷом шуд. Муаллифон мегӯянд, дар водии Яғноб 449 нафар асосан дар шароити баландкӯҳ зиндагӣ мекунанд. Ташаббускорони тарҳи САҲА барои 20 хонаводаи сокини деҳаҳои Ғармен, Хишортоб ва Қул дастгоҳҳое насб карданд, ки барои таҳияи ғизо кӯмак мекунад.

Як таҳқиқи онҳо нишон додааст, ки тақрибан тамоми ҷараёни омода кардани ғизо дар ин хонаводаҳо ба дӯши занон аст. Баъди ҳисобу таҳқиқи вазъи оилавии ин хонаводаҳо, муаллифони тарҳ маълум кардаанд, ки бонувон - занони 30-40-солаи дорои фақат маълумоти миёна ҳар рӯз масъулияти таҳияи ғизои беш аз 6 узви оилаҳои худро ба ӯҳда доранд. Нисфи онҳо кӯдакони то 18-сола дошта, ҳар нафари шашумашон бе шавҳар зиндагиро пеш мебарад, чун ҳамсарон дар муҳоҷират ҳастанд.

Дар ҷараёни рӯз ин занон барои таҳияи ғизо дар тақрибан 70 дарсади ҳолатҳо аз ҳезум истифода мекунанд ва ба ангишту гази табииву гази моеъ дастрасии камтар доранд. Дар натиҷа, аксари вақти онҳо дар давоми рӯз бо ҷамъоварии ҳезум мегузарад, мегӯянд муаллифони тарҳ: ҳар рӯз то 4-5 соати ин занҳо ба ҷамъоварии ҳезум ва сӯзишвории дигари табиӣ мегузарад ва се соати дигар барои таҳияи ғизои гарм. Дар маҷмӯъ, ҳар рӯз аз 7 то 8 соат вақти ин занҳо фақат барои таҳияи хӯрок сарф мешавад, мегӯянд муаллифони тарҳ.

Гулбибӣ Сатторов, як сокини Яғноб аз деҳаи Хишортоб гуфтааст, “дар ҳавои сард доим пӯсти дастам хушк шуда мекафид. То бегоҳ либосам бӯи дуд мекард, вале ҳоло либосам ҳам тозатар шуду дастонам ҳам камтар хушк мешавад”.

XS
SM
MD
LG