Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи таппак, сӯзишвории қадима дар Тоҷикистон боло рафтааст. ВИДЕО


Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки ҳар сол ҳазорҳо таппак месозанд

Нархи таппак, ки дар Тоҷикистон ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд, боло рафтааст. Агар соле пеш як донаи таппак 50 - 60 дирам буд, ҳоло як-якуним сомонӣ арзиш дорад. Бархе аз сокинон гуфтанд, боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба буҷаи онҳо бетаъсир намемонад.

"НАРХИ КОҲ ГАРОН ШУД"

Сайлигул Муродова, сокини деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ, имсол панҷ ҳазор таппак захира кардааст. Вай ҳар сол то 15 ҳазор ин навъи сӯзишвориро месохт ва бо пули он рӯзгорашро таъмин мекард. Имсол ба сабабии гаронии нарх натавонист зиёд таппак захира кунад.

"Нархи коҳу алаф ва дигар навъи хӯроки чорво гарон шуд. Ҷамъ овардани пору ҳам осон набуд. Зиндагӣ душвор аст ва мо таппакҳоро мефурӯшему рӯзгорро таъмин мекунем", -- афзуд ӯ.

Сайлигул солҳо боз бо ин шева чархи зиндагиро мегардонад ва соли гузашта дар ҳамин мавсим як дона таппакро на беш аз 50 ё 60 дирам мефурӯхт. Имсол тасмим дорад, таппакро бо нархи гарон фурӯшад, вале аз он бим дорад, ки харидор намеёбад.

"Солҳои пеш мардум бо халтаҳояшон омада, 200 дона ё ҳадди ақал 100-150 дона мегирифтанд, вале имсол харидорон наомадаанд", -- афзуд ӯ.

"ЯК МОШИН ТАППАК 800-900 СОМОНӢ БУД"

Хонаводаи Абдуваҳҳоб Холиқов дар шимоли кишвар низ ташвиши омодагӣ ба зимистонро доранд. Онҳо беш аз даҳ гов парвариш мекунанд ва аз поруи онҳо дар як рӯз даҳҳо таппак месозанд. Барои пӯхтани хӯрок ва тасфондани танӯр аз таппак истифода мекунанд ва изофаи онро ба ҳамсоягону муштариён мефурӯшанд.

Абдуваҳҳоб Холиқов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, “асосан харидорони мо аз ноҳияи Деваштич ҳастанд ва як "Газел"-ашро бо нархи 800-900 сомонӣ мехаранд. Рӯзгори мо аз ин ҳисоб аст ва бар замми ин кунҷора ҳам қимат шудааст. Пештар як кас кор кунад, зиндагӣ хуб мегузашт, ҳоло 10 кас кор кунад ҳам рӯзгузаронӣ душвор аст.”

"ЗИМИСТОНРО ЧӢ ХЕЛ ГУЗАРОНЕМ?"

Болоравии нархи таппак шахсонеро, ки чорво надоранд ва ба харидани ангишту ҳезум низ зӯрашон намерасад, нигарон кардааст. Робиямоҳ Расулова, сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Восеъ, то расидани зимистон бо сатил аз пайи говҳо пору мечинад ва дар ҳавлиаш таппак захира мекунад. Вале, ба гуфтаи ӯ, имсол захирааш андак аст ва тарс дорад, ки дар зимистон наметавонанд ҳуҷраашонро гарм нигаҳ доранд.

Ӯ гуфт: "Соли гузашта як таппак 50 дирам буд, имсол аз 1 то 1,5 сомонӣ аст ва мо маблағ надорем, ки бо ин нарх бихарем. Аллакай сардӣ фаро расидааст ва дар фикри он ҳастем, ки чӣ хел зимистонро гузаронем?"

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нархи сӯзишвории қадима дар Тоҷикистон боло рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

АНГИШТ ГАРОН АСТУ ЁФТАНИ ҲЕЗУМ АМРИ МУҲОЛ

Рӯй овардани сокинон ба ин навъи сӯзишворӣ дар ҳолест, ки арзиши як кило ангишти истеҳсоли худӣ то 80 дирам ва ангишти Қирғизистон то 2 сомонӣ раисдааст. Сокинон мегӯянд, ин нарх нисбат ба як соли пеш аз 50 то 70 дирам боло рафтааст.

Айни замон нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ қариб 23 дирам (2,3 сент) аст, ки нисбат ба соли гузашта 15 дарсад гарон аст. Гази табиӣ дар аксар минтақаҳои кишвар дастрас нест ва ба гуфтаи сокинон дарёфти ҳезуми арзон низ як амри муҳол аст.

Бино ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, сокинони деҳаҳои Тоҷикистон беш аз 25 дарсади буҷаи хонаводаҳоро барои сӯзишворӣ сарф мекунанд, ки ин дар муқоиса бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ бештар будааст.

Дар гузорише ба давлати Тоҷикистон ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ машварат дода буд, ки ба хотири танзими эҳтиёҷоти мардум ба сӯзишворӣ ба истеҳсоли лӯндаҳо аз саргини чорво ё таппак шурӯъ кунанд.

Зимнан, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва дар фасли сармо барои гарм кардани хонаҳо ва омода кардани ғизо асосан аз се навъи сӯзишворӣ: таппак, ҳезум ва ангишт истифода мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG