Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Песков гуфт, Русия дар ҳоли ҷанг бо Украина аст


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Тақрибан 25 моҳ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, ки Маскав онро "амалиёти махсус" меномид, Кремл бори аввал аз калимаи "ҷанг" истифода кард.

Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия, дар мусоҳиба бо нашрияи "Аргументи и факти" гуфт, Русия ба далели "дахолати Ғарб" дар ҳоли ҷанг аст.

"Воқеан, он чун амалиёти махсуси низомӣ сар шуд, аммо баъд аз он ки Ғарб дастҷамъона ба тарафи Украина гузашт, ин барои мо ба ҷанг табдил шуд," – афзудааст ӯ.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ Русияро барои ин кораш маҳкум карда, ба зидди Маскав таҳримҳои зиёд ҷорӣ намуданд.

Русия то ин дам ҳамлаашро ба Украина "амалиёти махсус" номида, аз истифодаи калимаи ҷанг парҳез мекард.

XS
SM
MD
LG