Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 30 созмон аз Ҷабборов хостанд, қонуни ҷанҷолиро вето гузорад


Зиёда аз 30 созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) даъват карданд, ки қонунро "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" имзо накунад ва вето гузорад.

Изҳороти созмонҳоро Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон (IPHR) нашр кард.

Онро Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, Шабакаи шведии САҲА ва Федератсияи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон низ имзо гузоштаанд.

Дар изҳорот омадааст, қонуни мазкур хилофи уҳдадориҳои байналхалқии Қирғизистон дар мавриди ҳуқуқи инсон аст ва ин қонун метавонад, "ба ҷомеаи шаҳрвандӣ зарбаи марговар занад".

Пештар аз ин созмони Amnesty International аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват кард, ки ба қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" вето гузорад. Ин тарҳи қонун рӯзи 14-уми март аз сӯи порлумони он кишвар қабул шуд.

Муаллифи лоиҳа ва намояндаи дигари мардумии қирғиз Нодира Норматова гуфт, ин қонун барои таъмини амнияти Қирғизистон лозим аст ва он бояд 10 сол пеш қабул мешуд.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG