Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Қандаҳор чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд


Дар пайи як бамбгузории "интиҳорӣ" дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон дастикам се нафар кушта ва дастикам 12 нафар захмӣ шуданд.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз пулиси маҳаллӣ эълон кардааст, ки ин бамбгузорӣ рӯзи панҷшанбе дар рӯбарӯи як бонк дар Қандаҳор рух додааст.

Дар баёнияи раиси пулиси Қандаҳор омадааст, дар ин таркиш бештар ғайринизомиёне, ки барои гирифтани пули нақд дар назди бонк ҳузур доштанд, кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ, бахши афғонистонии Радиои Авруои Озод Радиои озод ба нақл аз як манбаи огоҳ аз бемористони "Мирвайс"-и Қандаҳор шумори кушташудагони ин ҳамларо чаҳор ва шумори захмиёнро 25 нафар эълом кардааст.

Бар пояи ин гузориш, бештари кушташудагони ин ҳодиса аз аъзои гурӯҳи Толибон будаанд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро бар ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG