Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб 2 млн евро барои рушди демократия дар Тоҷикистон


Иттиҳоди Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор евро ҷудо кард.

Ин миқдор пул "грант" ё қарзи бебозгашт аст.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барои дарёфти аз 300 то 400 ҳазор евро (ба муҳлати 24-36 моҳ) дархост диҳанд.

Тарҳҳои вобаста ба "рушду ҳимояи ҳуқуқи инсон, демократия ва озодиҳои бунёдӣ" бар асоси озмун интихоб мешаванд.

Раванд 17-уми апрели имсол ба поён хоҳад расид.

Лоиҳаи нав барои пуштибонӣ аз демократия ва ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар зери фишор ва маҳдудиятҳои афзоянда мондааст.

Дар Тоҷикистон, ба иттилои Иттиҳоди Аврупо, дар як соли охир беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ баста шуданд.

Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо моҳи декабри соли 2023 дар Душанбе гуфт, "ин ба нафъи демократисозии ҷомеа нест."

XS
SM
MD
LG