Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон маҳдудияти содироти бензинро тамдид мекунад


Ҳукумати Қазоқистон манъи содироти як қатор маҳсулоти нафтиро тавассути мошин дубора тамдид карданист.

Фармони вазирони энержӣ, молия, умури дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар ин замина аз 29 март ба иҷро медарояд.

Ин маҳдудият барои шаш моҳи дигар ҷорӣ мешавад ва бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе аз маҳсулоти дигари нафтиро дар баргирифта, ба равғанҳои молиданӣ дахл нахоҳад дошт.

Мақомоти Қазоқистон бори аввал моҳи ноябри соли 2019 содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо ба муҳлати 6 моҳ манъ карда буданд.

Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ронандаҳои рус дар минтақаҳои марзӣ барои харидории бензини арзон ба ин кишвар ворид мешаванд.

XS
SM
MD
LG