Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хост, ҳабси фаъоли қарақалпоқистонӣ дароз шавад


Оқилбек Муродов
Оқилбек Муродов

Додситонии ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алмато дархост кардааст, ки муҳлати ҳабси раҳбари ҷомеаи қарақалпоқҳо дар Қазоқистон Оқилбек Муродов дароз карда шавад.

Хоҳари Муродов, Фариза Норбекова, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, додситонӣ мехоҳад, бародараш то 12 моҳ дар ҳабс монад.

Дархости додситонӣ дар ин бора ба додгоҳ пешниҳод шудааст ва акнун додгоҳ тасмим хоҳад гирифт, ки Муродов дар ҳабс бимонад ё не. Интизор меравад, додгоҳ дархости додситониро 27-уми март баррасӣ кунад.

Расонаҳо ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки ба Муродов шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дар Қазоқистон дода шудааст.

Оқилбек Муродов бо дархости Узбекистон дар Алмато боздошт шуд.

Ба зидди ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ бахшида ба ҳаводиси Нуқус ва нашри видеои суханронии ҳамватанаш Қошқарбой Торемуратов дар конфронси САҲА айб эълом гаштааст.

XS
SM
MD
LG