Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи ТикТокро дар Амрико манъ мекунанд?


Маҷлиси Намояндагони Амрико тарҳеро пазируфт, ки эҳтимол кори шабакаи иҷтимоии ТикТок-ро дар ин кишвар маҳдуд кунад.

ТикТок-ро дар Амрико беш аз 170 миллион нафар истифода мекунанд. Мақомот мегӯянд, агар ТикТок ширкати “ByteDance”-ро, ки наздик ба Ҳизби Коммунисти Чин аст, аз ҳаққи соҳибӣ маҳрум накунад, аз “Апп Стор” ва “Гугл Маркет” дар Амрико гум мешавад. Қонунгузорон бар инанд, ки ҳамкорӣ бо “ByteDance ба амнияти миллии Амрико хатар дорад.

Кети Макморис Роҷес, вакили порлумони Амрико гуфт: “Имрӯз мо паёми рӯшане додем, ки ҳеч гоҳ ба душманонамон роҳ намедиҳем, озодии моро ҳамчун силоҳ истифода кунанд.”

Аз ин лоиҳа аксар қонунгузорон пуштибонӣ кардаанд ва бар ин назаранд, ки қонун хатари ТикТокро ба амнияти миллӣ коҳиш медиҳад.

“Амрикоиҳо бояд ба худ суол диҳанд, ки мехоҳанд ба Чин иҷоза диҳанд, то ба ҳама маълумоти онҳо дастрасӣ дошта бошаду ҳаққи истифодаи маълумоте, ки аз тариқи алгоритмҳо ба даст меорад, пайдо кунад? Мехоҳанд, ки ба ҳукумати Чин имкон диҳанд, то чунин тавоноӣ дошта бошад?” – пурсид вакили дигаре.

Масъулони ТикТок гуфтанд, ба амнияти миллии Амрико ҳеч хатар надоранд ва набояд фаъолияташон маҳдуд шавад, вале қонунгузорон ҳарфи намояндагони шабакаро қабул накарданд.

Раҷа Кришнамуртӣ, вакили порлумони Амрико мегӯяд, “нияти мо ин аст, ки ТикТок фаъоляиташро идома диҳад, вале на таҳти назорати Ҳизби Коммунисти Чин.”

Чин қабули тарҳи қонунро маҳкум кард. “Амрико ҳеч далеле надорад, ки ТикТок ба амнияти миллиаш хатар эҷод кунад, вале аз таъқиби Тик-Ток даст накашиданд,” – гуфт Ванг Венбин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Баъзе аз қонунгузорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, маҳдуд кардани ТикТок дар Амрико душманӣ бо озодии баён аст. “Ҳар гуна маҳдуд кардани ТикТок на танҳо ба зидди озодии сухан, балки зарбаи бузург ба иқтисоди миллӣ аст,” – гуфт Роберт Гарсиа, вакили порлумони Амрико.

Ҷо Байден, президенти Амрико мегӯяд, агар Сенат ин қонунро қабул кунад, онро имзо мегузорад. Ҷонибдорони Байден барои ба даст овардани раъйи интихобкунандаҳои ҷавон дар интихобот аз аввали сол дар ТикТок таблиғот ба роҳ мондаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Амрико истифодаи Тик-Ток-ро манъ мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
XS
SM
MD
LG