Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

57 000 сомонӣ – пули ҳаҷҷи имсола. "Ба воситаи "Ориёнбонк". Чаро?


Акс аз моҳи июни соли 2023
Акс аз моҳи июни соли 2023

Арзиши имсолаи сафари сокинони Тоҷикистон барои ҳаҷҷи фарзӣ 57 ҳазор сомонӣ, зиёда аз панҷ ҳазор доллар, муқаррар шудааст.

Масъулони Кумитаи дин рӯзи 18-уми март дар эъломияе гуфтанд, нархро бо ризояти Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин карданд.

Ин пул, ба гуфтаи мақомот, ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф хоҳад шуд.

Аз довталабони ҳаҷҷи фарзӣ хоста шудааст, ки пулро "ба таври ғайринақдӣ" ба воситаи "Ориёнбонк" бипардозанд, аммо шарҳ надодаанд, ки чаро.

Ин тасмим шубҳаҳоро ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле ки раёсати "Ориёнбонк"-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон, бар уҳда дорад ва муовини ӯ Зарина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бар асоси эълони ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба он кишвар мераванд. Гусели зоирон дар нимаи дуюми моҳи майи имсол дар назар гирифта шудааст.

Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.

XS
SM
MD
LG