Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умар Зиёев дар 73-солагӣ даргузашт


Умар Зиёев
Умар Зиёев

Умар Зиёев, овозхони шинохта, узви пешини дастаи "Гулшан" ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми март даргузашт.

73 сол дошт.

Вазорати фарҳанг дар паёме дар Фейбук навишт, ки "аҳли фарҳанг аз марги Умар Зиёев андӯҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ӯ ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд."

Умар Зиёев соли 1951 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст.

Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хонд, аммо соли 1974 ба дастаи "Гулшан" пайваст ва беш аз ду даҳсола дар онҷо кор кард.

Аз соли 2000 то 2014 роҳбари дастаи ҳунарии "Сипар"-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

"Зулфи парешон", "Дидам туро", "Ҷустуҷӯят мекунам", "Мадеҳ озорам" аз ҷумлаи таронаҳои беҳтарини ӯ ҳисобида мешаванд.

XS
SM
MD
LG