Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", ҳодиса рӯзи 17-уми марти имсол дар ноҳияи Гаршак, дар шоҳроҳи Қандаҳор-Ҳирот, рӯй дод.
Як масъули роҳи Ҳилманд ба ҳам бархӯрдани як мототсикл, мусофирбар ва мошини нафткашро сабаби воқеа донистааст.
Иззатуллоҳ Ҳаққонӣ, сухангӯйи ситоди пулиси “Толибон” дар Ҳилманд, гуфт, 38 захмиро, ки вазъи баъзе аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад, ба бемористон бурданд.
Дар Афғонистон солҳои охир омори садамаҳои нақлиётӣ афзудааст.
Ба ҷуз аз вайрон будани роҳҳо, беэҳтиётии ронандагон ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сабабҳои асосӣ гуфта мешавад.