Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи мухолифон ва таҳдиди ҳукумат. Рӯзи охирини интихобот дар Русия


Владимир Путин 25 сол боз зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад
Владимир Путин 25 сол боз зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад

17-уми март рӯзи сеюм ва охирини раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия оғоз шуд. Ин маърака, ба эҳтимоли зиёд, Владимир Путинро шаш соли дигар дар қудрат нигаҳ хоҳад дошт.

Мухолифон тарҳи эътирозии худро дар рӯзи охирини раъйдиҳӣ алайҳи Путин эълон кардаанд. Дар иваз мақомоти Русия бо ҷазои сахт, аз ҷумла ҳабси тӯлонӣ таҳдид намуданд.

Дар ду рӯзи аввали интихобот теъдоде аз шаҳрвандони Русия эътирози худро ба зидди ҳукумати Владимир Путин бо вайрон кардан ё оташ задани қуттиҳои раъй нишон доданд.

Дмитрий Медведев, президенти пешин ва муовини ҳозираи раиси Шӯрои амнияти Русия, норозиёнро "ҷинояткор" ва "хоин" номид, ки ба гуфтаи ӯ, ба душманони Русия, бахусус Украина, мадад мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти интихоботии Русия, 114 миллион нафар ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд ва дар ду рӯзи охир тақрибан нисфе аз онҳо ҳузурӣ ё тавассути интернет овоз доданд.

Владимир Путин 71 сол дорад ва тақрибан 25 сол боз ҷилави қудрат дар Русия ба дасташ аст. Ӯ, ки тайи чанд соли охир, бахусус пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, мухолифон ва расонаҳои мустақилро саркӯб кард, дар ин интихобот рақиби ҷиддӣ надорад.

Се номзад – Владислав Даванков, ноиби раиси Думаи давлатӣ; вакилон Николай Харитонов аз Ҳизби коммунист ва Леонид Слутский аз Ҳизби либерал-демократи Русия – ҳама ҷонибдори сиёсати Путин ҳастанд. Кумисюни марказии интихоботи Русия номзадии Борис Надеждин, як сиёсатмадори зидди ҷанг дар Украинаро сабтином накард.

Мақомоти ғарбӣ интихоботи Русияро ба далели саркӯбҳо ғайриозод номиданд. Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 15-уми март дар Твиттер навишт: "Мехоҳам ба Владимир Путин барои пирӯзии қатъиаш дар интихоботе, ки аз имрӯз оғоз мешавад, табрик бигӯям.”

Украина ва бисёре аз ҳукуматҳои ғарбӣ Русияро барои баргузории интихобот дар минтақаҳои ишғолкардааш дар Украина маҳкум карданд. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, низ ин амали Русияро нодуруст номид.

XS
SM
MD
LG