Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни ҳамлаи Русия дар Одесса ба 21 нафар расид


Пас аз ҳамлаи Русия ба як бинои сеошёна дар Одесса
Пас аз ҳамлаи Русия ба як бинои сеошёна дар Одесса

Шумораи қурбониёни ҳамлаи Русия ба Одесса дар рӯзи 15-уми март ба 21 нафар расидааст.

Олег Кипер, раиси Одесса дар саҳифааш дар Телеграм навиштааст, ки 70 нафари дигар дар ҳамла осеб дида, 39 нафар ҳоло дар беморхонаанд, ки ҳолати ҳашт тани онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар миёни қурбониён як наҷотдиҳанда ва як пизишк низ будааст.

Рӯзи шанбе дар шаҳри Одесса мотам эълон карданд. Дар як моҳи ахир бори дуюм аст, ки мотам эълон мекунанд. Дар ҳамлаи як моҳи пеш дар ин шаҳр 10 нафар кушта шуда буд.

Эҳтимол меравад, ки Русия ба ин шаҳр бо мушаки “Искандар” ҳамла кардааст.

Дар ин ҳамла як бинои сеошёна хароб шудааст, ки дар он сокинони одӣ зиндагӣ мекардаанд.

Блогерҳои тарафдори Русия гуфтаанд, ки дар Одесса ба як қароргоҳи пулис ҳамла шудааст.

Русия, ки ду сол боз дар Украина меҷангад, расман ҳодисаи охирро шарҳ надодаааст.

XS
SM
MD
LG