Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори муҳоҷир. "Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Австрия зиёд шудааст"


Баробари ба забон овардани калимаи муҳоҷират, беихтиёр  Русия ва гурӯҳ- гурӯҳ тоҷиконе пеши назар меояд, ки солҳост, ин кишварро ба ҳайси ягона манбаи кору пешбурди зиндагии худ медонанд.

Аммо дар ин баробар як насле дигаре низ ҳаст, ки хеле пештар аз ин аз Тоҷикистон ҳиҷрат кардаву дар кишварҳои пешрафта макон гирифтаанд. Яке аз онҳо, Розиябону Шарофиён, аст, ки 15 сол мешавад, дар Австрия ва ё Утриш зиндагӣ мекунад.

Розиябону Шарофиён, соҳибқалам, рӯзноманигори шинохта ва собиқ арбоби давлатии Тоҷикистон аст, ки дар оилаи “интернасионалӣ”ба воя расидааст. Мегӯяд падараш тоҷик ва модараш аз Украина буд. Ӯ ба ёд овард, ки фаъолияташро аз мактабе дар зодгоҳ оғоз кардаву баъдан дар Душанбе ба кор дар хонаи Радио даъват шуд.

Қаҳрамони барномаи мо мегӯяд, аз рӯзҳои аввали омадан ба Австрия аз имтиёзҳои иҷтимоӣ ви иқтисодии ин кишвар бархӯрдор гашт ва аз ҳисоби нафақапулие, ки мегирад зиндагияш пурра таъмин аст. Аммо мутобиқ шудан ба ҳаёт ва кишвари нав барои ҳамсӯҳбати мо соддаву осон набудааст.

Сӯҳбати пурраи Розиябону Шарофиёнро дар барнома бинед:

Австрия моро дар кӯча нагузошт (Рӯзгори муҳоҷир #17)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:09 0:00

Розиябону Шарофиён гуфт, аз як сӯ ғубори дилашро тавассути шеърҳояш берун мекунад ва аз тарафи дигар дидани муваффақияти фарзандону наберагон барояш қувват мебахашад. Дар ин баробар талош мекунад, ки онҳо забону асолати худро аз ёд набароранд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар ин авохир шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Австрия зиёд шудааст. Дар байни онҳо нафароне, низ ҳастанд,ки аз имтиёзҳои давлатӣ сӯистифода мекунанд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, албатта пешрафти фанновариҳои муосир дарду алами ғарибиро то ҳадде кам кардааст, вале маззаи нону меваҳои ватанро чизе намегирад.

Ба таъкиди хонум Розиябону фарқ надорад, шахс дар кадом гӯшаи дунё зиндагӣ мекунад, муҳим дар ҳама ҳолат инсон будан ва инсон мондан аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG