Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Узбекистон 100 автобус мехарад


Қирғизистон аз Узбекистон 100 автобуси навъи "Isuzu SAZ LE-60" харидорӣ мекунад.

Хадамоти матбуотии Бунёди рушди Қирғизистону Узбекитсон иттилоъ дод, ки 13 март дар ин бора дар шаҳри Ӯш созишномаи лизингие ба имзо расидааст.

Бар асоси ин созишнома, бунёд харидории автобусҳо аз корхонаи мошинсозии шаҳри Самарқанд (SamAuto)-ро сармоягузорӣ мекунад.

Ин автобусҳо барои шаҳри Ӯши Қирғизистон харидорӣ мешаванд.

Бунёди рушди муштараки Қирғизистон ва Узбекистон дар асоси созишномаи байниҳукуматии ду кишвар аз 11 марти соли 2021 таъсис ёфтааст. Онро ду шаҳрванди Узбекистон ва се қирғизистонӣ раҳбарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG