Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи Аврупо дар мавриди мақоми номзадии Арманистон


Порлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки иҷоза медиҳад, ба Арманистон мақоми номзадӣ ба узвияти Иттиҳоди Аврупо дода шавад.

Ба ҷонибдорӣ аз он 504 вакил раъй додаанд. 4 вакил раъйи зид дода, 32 нафари дигар аз овоз додан худдорӣ кардаанд.

Дар қатъномае, ки иҷрояш ҳатмӣ нест, омадааст, Русия ҳамоно ба иқтисоди Арманистон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва аз ин рӯ Ереван ба эҳтимоли давр задани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Маскав бояд таваҷҷуҳ кунад.

Порлумони Аврупо ҳамчунин аз ширкатҳои аврупоӣ ва сармоягузорон даъват кард, ки робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷориро бо Арманистон тақвият диҳанд.

Дар қатънома ҳамчунин омадааст, дар солҳои охир дар Арманистон тағйироти ҷиддии сиёсӣ рух додааст ва ҳукумат уҳдадор шудааст, ки фаъолияти ниҳодҳои демократиро таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG