Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти ҷосусони Русия дар Аврупо "дароз шудааст"?


Дасти ҷосусони Русия дар Аврупо дароз шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ҷосусони Русия дар кишварҳои аврупоӣ дубора фаъол шудаанд. Онҳо қазияи халабон Максим Кузминовро намуна меоранд, ки бо чархбол аз Русия ба Украина фирор кард, вале дар Испания кушта шуд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ӯро ҷосусони рус аз байн бурдаанд.

Максим Кузминов, халабони низомии рус, дар моҳи августи соли 2023 ба тарафи Украина гузашт. Киев ба ӯ 500 ҳазор доллар ва бо номи дигаре шиноснома дод. Дар Испания пинҳонӣ мезист. Моҳи феврали имсол ҷасадашро бо осори чанд тир дар хонааш ёфтанд.

Русия кушторро шарҳ надод, аммо раиси Хадамоти ҷосусии Маскав Кузминовро барои фирораш як “мурдаи нолозим” хонда буд.

Коршиносон қатли халабонро як далели возеҳи дубора фаъол шудани ҷосусони рус дар Аврупо медонанд. Кишварҳои аврупоӣ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина садҳо нафарро ҷосуси Русия номида, аз Аврупо берун карданд.

Марина Мирон аз Коллеҷи шоҳигарии Лондон гуфт: “Аврупоиҳо эҳсоси амният доштанд, ки дигар ҷосусони Русия дар онҷо нестанд ва тавоноиҳояшон суст шудааст. Мушкил он аст, ки онҳо ноаён ҳастанд, вале аз ҳарвақта тавонотаранд.”

Расонаҳои Русия дар моҳи гузашта навори савтии як ҷаласаи мақомҳои баландпояи низомии Олмонро нашр карданд, ки доир ба додани мушакҳои дурпарвози “Таурус” ба Украина суҳбат мекарданд. Киев ҳушдор додааст, ки дар Олмон як шабакаи калони ҷосусони Русия фаъол аст.

Хадамоти иктишофии Фаронса мудохилаи эҳтимолии Русияро дар маъракаи интихоботи вакилони Порлумони Аврупо таҳқиқ дорад. Интихобот моҳи июн баргузор мешавад. Фаронса гуфтааст, Аврупо зери “ҳамлаи иттилоотӣ”-и Русия аст.

Таҳлилгар Александр Данилюк гуфт: “Онҳо барои амалиёти ҷосусӣ дар Аврупо миллионҳо доллар сармоягузорӣ мекунанд. Барои таъсир гузоштан дар интихоботҳо, фаъол кардани гурӯҳҳои тундраву ақаллиятҳо. Ба гурӯҳҳои динӣ миллионҳо доллар сармоягузорӣ мекунанд, то барои ба қудрат расидани афроди дилхоҳашон кумак кунанд.”

Коршиносон ба ин боваранд, ки Русия аз дур ва бо истифода аз ғайрирусҳо гуруҳҳои муташакили ҷиноӣ ва тоҷирону сиёсатмадорони хориҷиро барои ҳадафҳои худ истифода мекунад.

Дар Бритониё, Олмон, Норвегия ва Лаҳистон мурофиаи додгоҳии гумонбарон ба ҷосусӣ ба манфиати Русия идома дорад.

Ба қавли таҳлилгар Александр Данилюк, “ин дигар ҷанги идеологӣ нест. Ҷанги коммунизм бар капитализм ҳам нест, ки дар Шӯравӣ мегуфтанд. Ин як ҷанги кишварҳои худкома аст, ки мехоҳанд, кишварҳои ғарбиро, ки такягоҳи демократия ҳастанд, хароб кунанд. Ин барояшон мубориза барои бақо аст.”

Ҳамзамон, раҳбари хадамоти иктишофӣ ё СРУ-и Амрико навиштааст, норизоятии мардум дар Русия аз ҷанг дар Украина барои хадамоти махсуси кишварҳои ғарбӣ фурсати хубе барои ҷалби ҷосус аз Русия фароҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG