“Писари ман шабона бедор мешаваду мегиряд. Мегӯяд, падарамро пазмон шудам. Орзу дорам ба хона баргардем. Мехоҳам ба мисли пешина зиндагии одӣ дошта бошам,” – гуфт Ҳикмат Алмарӣ аз Навори Ғазза.
Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҷанг наздик ба 31 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҷанге, ки баъд аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба Исроил дар 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар он ҳамла 1200 исроилиро куштанд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд.
Исроил бо ҳамла ба Ғазза посух дод. Аксар аҳолии беш аз дуюним миллионнафарии Ғазза ба Рафаҳ, дар наздики сарҳади Миср, паноҳ бурдаанд. Дар бемористони онҷо ҳар кӯдаке, ки мебинед, ҷисман ё рӯҳан осеб дидаанд ва гуруснаанд.
Абдураҳмон Маъруф аз бемористони “Наҷҷор” гуфт: "Ҳамаи онҳо мушкили инкишоф доранд. Ҳамаашон беморанд. Ҳатто модарон шире надоранд, ки ба бачаашон бидиҳанд. Онҳо мегӯянд, ҳатто намедонанд чӣ тавр шир бихаранд?”
Баъзе аз кӯдакон, ба гуфтаи пизишк, бомбу ҳавопайморо мешиносанд ва чӣ тавр кушта шудани азизону ҳамсоягонашонро дар ёд доранд. Кӯдакони дигар ба домони модар часпидаанд ва пайваста мегирянд. Бисёриҳо хаёлӣ шуда, ҳазён мегӯянд. Кӯдаконе низ ҳастанд, ки умед доранд, рӯзе бо наздиконашон якҷо мешаванд.
Волидон мегӯянд, дидани аҳволи кӯдакон дилрешкунанда аст. Ҳикмат Алмасрӣ гуфт: “Модарон ба суолҳои кӯдакон посух надоранд. Вақте барои хӯрдан чизе мепурсанд, ҷавобе нест. Кӯдакон гӯшт, моҳӣ, шоколод ё ягон ширинӣ, ки пештар мехӯрданд, суроғ мекунанд. Чизҳое, ки мо пайдо намекунем.”
Исроил мегӯяд, барои расондани ёриҳо ба мардуми Ғазза маҳдудияте ҷорӣ накардааст, ҳарчанд тамоми молу маҳсулотеро, ки меояд тафтиш мекунанд, то дар байни онҳо силоҳе барои “Ҳамос” набошад.
Исроил иддао дорад, гурӯҳи “Ҳамос”, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад, аз ёриҳо баҳра мегирад. Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, Исроил имдодро ба Ғазза аз тариқи хоки худ маҳдуд кардааст. Созмони Милал мегӯяд, агар ёрӣ бештар нашавад, дар Ғазза қаҳтӣ меояд.
Видеоро дар инҷо бинед: