Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, агар зарур шавад, силоҳи ҳастаиро ба кор мебаранд


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, гуфтааст, кишвараш ба ҷанги ҳастаӣ омода аст.

Раҳбари Русия дар суҳбате, ки рӯзи 13-уми март дар сомонаи Кремл нашр шуд, гуфт, тасмими истифодаи силоҳи ҳастаиро дар Украина надоранд, аммо агар зарурат пеш омад, аз нигоҳи техникаи низомӣ ба ҷанги ҳастаӣ омодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Русия танҳо дар сурате аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад, ки Амрико чунин ҷангро оғоз кунад. Путин гуфт, силоҳи ҳастаии Русия аз Амрико муосиртар аст.

Русия, ки силоҳи ҳастаӣ дорад, беш аз ду сол боз алайҳи Украина ҷанги бедалелро пеш мебарад.

Кишварҳои ғарбӣ ба Украина барои муқобилият бо Русия мадад мекунанд. Русия борҳо кишварҳои ғарбиро таҳдид кардааст, ки аз кумак ба Украина даст кашанд.

Владимир Путин рӯзи 13-уми март бори дигар таъкид кард, ки омодаи суҳбат барои хатми ҷанг дар Украина аст. Мақомоти Украина гуфта буданд, ки то низомиёни рус минтақаҳои ишғолиро тарк накунанд, бо Русия музокирот намекунанд.

XS
SM
MD
LG