Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ёфтани ҷасади Сафияхонро тасдиқ карданд


Ба иттилои расмӣ, ҷасади Сафияхон Раҳматоваро "дар соҳили канали Мирзочӯли Ҷанубӣ" ёфтаанд
Ба иттилои расмӣ, ҷасади Сафияхон Раҳматоваро "дар соҳили канали Мирзочӯли Ҷанубӣ" ёфтаанд

Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Узбекистон пайдо шудааст. Як рӯз пеш наздиконаш дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар доданд.  

Ин наврас рӯзи 7-уми феврали имсол бенишон шуд. Хонаводааш бар асоси як навори дурбини назоратӣ бовар доштанд, ки ӯ дар дарёи Сир (Сайҳун) ғарқ шудааст ва ҷустуҷӯяш аз он замон идома дошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 13-уми март дар эъломияе гуфт, маъмурони наҷоти Узбекистон ҷасади Сафияхонро “дар соҳили канали Мирзочӯли Ҷанубӣ” ёфтаанд. Ин канал аз ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарё мегузарад.

Муяссар Раҳматова, бибии Сафияхон, шоми 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо хабар расид, ки ҷасади духтарашонро ёфтаанд. "Аз либосаш шинохтаанд ва ӯ дар панҷараи обанбор дармонда будааст. Падараш ва наздикони дигар барои гирифтани ҷасад ба Узбекистон рафтанд. Бояд фардо ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба Тоҷикистон биёранд," – гуфт ӯ.

Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфтанд, даҳ рӯз пеш ба унвонии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Узбекистон нома фиристода буданд, то дар ёфтани ҷасади навраси тоҷик мадад кунанд.

Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол нопадид шуд. Сабти дурбинҳои назоратӣ бори охир ӯро дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон дод. Дар ин кӯча ҳавлии Раҳматовҳо ҷойгир аст ва дар рӯбарӯи он дарёи Сир мегузарад.

Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон, аз аввал ба ин бовар буд, ки духтараш ғарқ шудааст. Бо дархости ӯ ҷустуҷӯро дар дарёи Сир идома доданд, вале маъмурони наҷот ҳар дафъа мегуфтанд, ки нишоне аз ӯ наёфтанд.

Ғарқ шудани сокинон дар дарёи Сир ё Сайҳун ҳодисаи нав нест. Танҳо дар соли 2023 панҷоҳу панҷ мавриди ғарқшавӣ сабт шудааст. Дар ин миён 19 нафар ноболиғ будаанд. Ҳанӯз чор ҷасад пайдо нашудааст.

XS
SM
MD
LG