Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони ғизо дар Ғазза. Амрико кумаки бештар мефиристад


Сокинони Ғазза, минтақае, ки аз ҷониби Исроил муҳосира шудааст, аз норасоии ғизо азият мекашанд. Созмонҳои байналмилалӣ вазъи сокинони Ғаззаро даҳшатнок тасвир мекунанд.

Дар ҳамин шабу рӯз як киштии бузурги амрикоӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ ба сӯи соҳили Ғазза ҳаракат дорад. Амрико мехоҳад дар ин ҷо бандаре созад, ки ба воситаи он ба мардуми Ғазза кӯмак расонда шавад.

Вазорати дифои Исроил наворе нашр кардааст, ки ҷанги хона ба хона дар шаҳри Хон Юнуси Ғаззаро нишон медиҳад. Тасдиқи дурустии ин навор ва санаву макони сабташ душвор аст, вале пайомадҳояш ҳамарӯза эълон мешаванд.

Мақомоти беҳдоштии Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта мешаванд. Пизишкон ва кормандони созмонҳои мададрасон мегӯянд, вазъ дар Ғазза даҳшатноку фоҷеабор аст.

Доктор Тоҳир Аҳмад аз созмони MedGlobal мегӯяд, "бо чанд сабаб вазъ бадтар мешавад ва вазъ ба бунбаст расидааст. Се роҳи вуруд ба борикаи Ғазза вуҷуд дорад. Исроил ду роҳро назорат мекунад ва яке аз ҷониби Миср таҳти назорат аст. Ҳоло танҳо яке аз ин роҳҳо ба таври маҳудуд боз аст".

Ғазза аз роҳи заминӣ дар муҳосира аст ва бархе кишвару созмонҳои мададрасон талош доранд, аз осмон ба сокинони он ғизо расонанд. Дар оғози моҳи Рамазон нерӯҳои ҳавоии Урдун тариқи ҳавопаймо аз осмон ба сокинони Ғазза орду биринҷ, ғизо барои кӯдакон ва об партофтанд.

Амрико ба Ғазза кӯмакҳои башарии бештар мефиристад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Нерӯҳои ҳавоии Амрико низ 88 баста ба Ғазза партофтанд, ки дар дохили онҳо 53 ҳазор қутии ғизо ва 23 ҳазор зарф оби ошомиданӣ будааст.

Ҳоло тасмим аст, ки як бастаи дигари кӯмакҳо аз ин роҳ ба Ғазза расонда шавад. Як киштии низомии Амрико ҳоло дар роҳ ба сӯи соҳилҳои Ғазза аст, то онҷо як бандари муввақатӣ барои кӯмакрасонӣ бисозад.

Барои сохтмони ин бандар чанд ҳафта ё тақрибан 60 рӯз лозим аст. Мақомоти Амрико мегӯянд, ин бандар имконият хоҳад дод, ки ба мардуи Ғазза аз роҳи обӣ кӯмак расонда шавад.

Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, сокинони Ғазза аз гуруснагӣ азият мекашанд.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, шумори қурбониёни ҷангро 31 ҳазор нафар эълон кард.

Ҷо Байден, президенти Амрико, ки кишвараш дар ҷанг бо "Ҳамос" аз Исроил дифоъ мекунад, ба ин омор бо шубҳа нигоҳ мекунад. "Имкон надорад, ки шумо боз 30 ҳазор фаластинии дигарро (Ҳамос) қурбонии амалҳоятон кунед. Роҳҳои дигаре барои муқобила ва роҳҳои расидан ба дармони осебҳое, ки "Ҳамос" расондааст, вуҷуд дорад".

Моҳи Рамазон оғоз шудааст, вале барои ҳазорон сокини оддӣ ва 72 ҳазор маҷрӯҳ дар Ғазза аз роҳи осмону замину баҳр кумаки лозим намерасад.

Ҷанги дар Ғазза 7-уми октябр оғоз шуд. Дар ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил беш аз 1200 нафар кушта ва ҳудуди 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд.

Тибқи охирин омори мақомоти "Ҳамос" дар Ғазза, шумори кушташудаҳои фаластинӣ аз 31 ҳазор нафар убур кардааст, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

Талошҳои пайдарпайи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои поёни ҷанг ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст.

XS
SM
MD
LG