Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсе, ки дастури боздошти Путинро дод, раиси Додгоҳ шуд


Томок Аканэ
Томок Аканэ

Томок Аканэ раиси Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ва Розарио Салваторе ва Рейн Алапини-Гансу муовинони вай интихоб шуданд.

Аканэ бо Салваторе дар моҳи марти соли 2023 дастури боздошти президенти Русия Владимир Путинро дода буданд.

Онҳо барои се сол интихоб шудаанд.

"Барои ман ифтихор аст, ки раиси Додгоҳи Байнулмилалӣ интихоб шудам. Барои ба роҳ мондани гуфтугӯи байни мақомоти додгоҳӣ бо ҷониби ҳимоя ва ҷабрдида, инчунин, тақвияти гуфтугӯ байни давлатҳои узв ва кишварҳои дигар талош мекунам", - гуфт Томок Аканэ.

Моҳи марти соли 2023 Аканэ, Салватор ва Серхио Херардо Угалде Годинес дастури боздошти Путин ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Мария Лвова-Беловаро дода буданд.

Путин ва Белова дар ихроҷи иҷбории кӯдакон аз ҳудудҳои ғасбшудаи Украина ба Русия айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG