Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ду қирғизистониро аз Амрико овардаанд


Ба хабари расмӣ, дар Амрико 36 ҳазор қирғизистонӣ кору зиндагӣ мекунанд
Ба хабари расмӣ, дар Амрико 36 ҳазор қирғизистонӣ кору зиндагӣ мекунанд

Ҷасади ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар натиҷаи тасодуф ё садамаи нақлиётӣ дар Амрико ҷон бохта буданд, ба зодгоҳашон овардаанд.

Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоъ дод, ки ҷасадҳо субҳи 8-уми март расиданд.

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки рӯзи 4-уми март дар натиҷаи як садама дар шаҳри Филаделфия шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Қирғизистон ҷон бохтанд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Амрико 36 ҳазор қирғизистонӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Қаблан раиси ҷомеаи қирғизҳо дар Чикаго Умар Юсуфбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ду соли охир беш аз 70-80 ҳазор ҳамватанаш ба Амрико рафтаанд.

XS
SM
MD
LG