Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи Рамазон дар Ғазза бе оташбас шуруъ шуд


Моҳи Рамазон субҳи 11-уми март дар Навори Ғазза шуруъ шуд, аммо даргирӣ дар ин гӯшаи Фаластин ҳамоно идома дорад. Буҳрони башарӣ низ амиқтар шудааст.

Интизор мерафт, ки ҷонибҳои даргир дар моҳи Рамазон ба созиши оташбас бирасанд. Музокирот бо миёнравии Мисру Амрико ва Қатар натиҷае надод.

Дар ҳамин ҳол, як киштии Испания бо кумаки ғизоӣ барои ҳаракат аз Қибрис (Кипр) ба сӯйи Навори Ғазза омода шудааст. Созмони Милал борҳо аз гуруснагӣ дар ин минтақа ҳушдор дода буд.

Гурӯҳҳои имдодрасон мегӯянд, аз моҳи октябри соли гузашта ба Ғазза гузарондани танҳо як бахше аз маводи зарурӣ иҷоза дода шудааст.

Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 9-уми март гуфт, ба эътиқоди ӯ, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар ҷанг дар Навори Ғазза ба ҷойи кумак ба Исроил бештар осеб мерасонад.

Байден аз ҳаққи Исроил барои посух гуфтан ба ҳамлаи “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябр изҳори пуштибонӣ кард, аммо гуфт, Нетаняҳу бояд ба ҳаёти одамони бегуноҳ низ таваҷҷӯҳи бештар диҳад.

Ҷанг миёни нерӯҳои Исроил ва аъзои гурӯҳи “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, аз моҳи октябри соли гузашта боз идома дорад.

Ҷанг пас аз он оғоз шуд, ки нерӯҳои “Ҳамос” ба Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва беш аз 240 касро гаравгон гирифтанд.

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки дар бештар аз панҷ моҳи охир теъдоди қурбониён дар Ғазза аз 30 ҳазор нафар ва шумораи захмиён аз 71 ҳазор нафар гузашт.

XS
SM
MD
LG