Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудирони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон чӣ диданд ва чаро иқтисод заъфпазир мемонад?


Акси ҳайати Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми боздид аз нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз вебсайти khovar.tj гирифта шудааст
Акси ҳайати Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми боздид аз нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз вебсайти khovar.tj гирифта шудааст

Бонки ҷаҳонӣ гуфт, сафари ҳайати Шӯрои мудирони ин ниҳоди байналмилалии молӣ ба Тоҷикистон, инчунин Қазоқистону Қирғизистон ба анҷом расид. Дар ин сафари минтақавӣ, ба навиштаи бонк, имкони ошноӣ бо рушди минтақа бо тамаркуз ба тағйироти иқлим, рушди инсонӣ ва нақши занон дар иқтисод фароҳам шуд.

Дар Тоҷикистон ҳайати даҳнафараи Шӯрои мудирони БҶ бо ҳайати ҳукумат ва президент Эмомалӣ Раҳмон, вазъи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун, барномаҳои беҳдоштӣ ва як тарҳи дастгирии рушди кӯдакон ошно шуд. Инчунин мулоқоти ҷудогонае бо бонувони раҳбар дар остонаи иди занон баргузор шудааст. Ҷузъиёти гуфтугӯҳову сӯҳбатҳои байни ҳайатҳои БҶ ва ҳукумати Тоҷикистон нашр намешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамкорӣ барпо кардаанд. Айни замон, ин бонк дар Тоҷикистон 26 тарҳро бо маблағи умумии 1,6 миллиард доллар маблағгзуорӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, аз соли 1996 то имрӯз БҶ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми грант ва қарзҳои имтиёзнок беш аз 2,9 миллиард доллар фароҳам кардааст.

Имрӯз умедвории калони Тоҷикистон аз Бонки миллӣ дар дастгирии пурраи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки онро ҳукумат гарави рушди иқтисод, саноат ва дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолияти энержии кишвар меномад.

Бонки ҷаҳонӣ қаблан гуфтааст, дар давоми даҳ соли гузашта Тоҷикистон тавонист ба натиҷаҳои хуби иқтисодӣ даст ёбад ва рушди миёна 7,1 дарсадро ташкил додааст. Аз соли 2009 то 2022 сатҳи фақр дар Тоҷикистон аз 32 фоиз ба 12,4 дарсад поин оварда шуд. Ин аз ҳисоби 3,65 доллар маблағ барои харҷи якрӯзаи як нафар гирифта шудааст.

Чаро иқтисод боз ҳам заъфпазир мемонад?

Вале ба таъкиди мутахассисони БҶ, бо вуҷуди муваффақиятҳои ҷиддӣ, Тоҷикистон дар муқобили чолишҳои беруна заъфпазир боқӣ мемонад, чун вобастагии сахте аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон дорад. Сабаби дигараш дар маҳдуд будани иқтисод ва пойгоҳи содиротии кишвар, инчунин дар хатари зиёди бӯҳрони қарзии Тоҷикистон аст. БҶ мегӯяд, пулҳои муҳоҷирон сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Саҳми бахши хусусӣ дар иқтисод баланд нест ва 15 дарсади ҳаҷми умумии сармоя, 30 дарсади ҳаҷми истеҳсолот ва тахминан 13 дарсади кори расмиро ташкил медиҳад. “Ҳарчанд, - мегӯяд БҶ, - қарзи давлатӣ устувор аст, хатари бӯҳрони қарзӣ бо сабаби дурнамои пардохти евробондҳо баланд боқӣ мемонад”.

Зимнан, Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи бисёр “ҷоҳталабонае” гузоштааст, ки даромади дохилиро аз соли 2016 то 2030 дар ҳаҷми 2 то 3,5 бор афзоиш диҳад, вале, ба қавли мутахассисони ин ниҳод “ин ҳадаф як модели нави рушдро тақозо мекунад”. Ин модел, бояд бар пояи “бахши хусусие бунёд шавад, ки дар ҳолати инкишофи фаъол, манфиатдори сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои аҳолии босуръат афзоишёбанд қарор дорад”. Барои ин, ба қавли ин ниҳод, бояд ислоҳоти муҳими сохторӣ барпо шавад, ки дар ҷараёни он таваҷҷӯҳи махсус ба кори муассир ва шаффофияти сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, фазои сармоягузорӣ, ислоҳот дар бахши энержӣ, равобити тиҷоратӣ, соҳаи мухобирот ва ҳавонавардӣ дода шавад.

Ин ҳамон сохторҳое мебошанд, ки давоми даҳсолаҳои ахир, ба қавли ҳам коршиносони соҳа ва ҳам мардум, ҳарчи амиқтар дучори бӯҳрон мешаванд. Аз ҷумла, маҳдудияти нирӯи барқ, ки ба як дарди доимии беш аз сӣ соли охир табдил шудааст, моҳи март ба Душанбе ҳам расид. Сабаби бӯҳронро манобеи ғайрирасмӣ дар фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя ба хотири даромади афроди тасмимгиранда дар кишвар мегӯянд.

Дар хадамоти ҳавонавардӣ ҳам бо сабаби монополияи хешовандони президент, тағйироте дида намешавад ва мусофирони норозӣ аз нархи номутаносиб болои билетҳои ҳавопаймо ҳаддалимкон талош мекунанд бо билетҳои ду-се баробар арзонтар тавассути кишварҳои ҳамсоя парвоз анҷом диҳанд.

Коршиносон мушкили фасоду хешутаборбозӣ дар ҳукуматро чун як чолиши бисёр сангини иқтисоди Тоҷикистон дар давоми даҳсолаҳои ахир ном мебаранд ва мегӯянд, ин ки ҳама соҳаҳои даромадноки тиҷорат ва иқтисод дар дасти ширкат ва афроди наздик ба президент ва ҳукумат мебошад, аз ин рӯ монеи рушди солими иқтисоду саноат мегардад ва омодагии самимии ҳукуматро барои рушди кишвар зери суол мебарад.

XS
SM
MD
LG