Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми президент: Чӣ иҷро шуд, иҷро мешавад ё нотамом мондааст?


Душанбе, 28-уми декабри 2023
Душанбе, 28-уми декабри 2023

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ду моҳ пас аз паёмаш ба ҳар ду палатаи порлумон роҳҳои иҷрои онро бо ҳукумат дар миён гузоштааст. Шахсони масъул ва мансабдорони Тоҷикистон аз суҳбат бо хабарнигорон дар ин гуна мавзуъҳо худдорӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, Радиои Озодӣ чанд нуктаи паёмро, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2023 гуфта шуданд, таҳлил кард: чӣ чизе аз нукоти гуфташуда дар марҳилаи анҷомшавист, кадом масъалаҳо иҷро шудаанд ва чӣ чизҳо ҳар сол такрор, аммо ҳалношуда мемонанд.

Ҳифзи суръати рушди иқтисодӣ

Президенти Тоҷикистон ба мисли солҳои пешина таъкид кард, ки суръати рушди иқтисодӣ 7,5 дарсад ва Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 1,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Ӯ ба ҳукумат амр додааст, ки барои ҳифзи суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи ҳашт дарсад ва барои коҳиш додани фақр то даҳ дарсад дар давоми 7 сол чораҳои мушаххас андешанд.

Соли 2023 омори расмии Тоҷикистон рушди иқтисодии 8-дарсадиро ба тавсеаи кишоварзӣ ва саноат нисбат дод, ки ҳудуди ниме аз тавлиди ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Аммо гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2023 рушди иқтисодии Тоҷикистонро ба бештар шудани талаботи аҳолӣ, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ва сармоягузориҳо (грант ва қарзҳо) дар тарҳҳои кишвар пайванд медиҳад. Ба ибораи соддатар, пул дар дасти мардум аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирон ва сармоягузорӣ дар тарҳҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳо мемонад, ки дар маҷмуъ чархи иқтисодро ба гардиш меорад.

Қаблан коршиносҳои иқтисодт нишондиҳандаҳои баланду болоро ба иқтисоди хурд нисбат медоданд, ки афзоиши ҷузъӣ дар шакли фоиз рақамҳои бузургро ба намоиш мегузорад.

Таҳлилгарони Бонки Рушди АвруОсиё рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 аз ҳисоби боло рафтани талаботи дохилӣ, густариш ёфтани арсаҳои калидии саноат ба мисли барқ, нақлиёт ва ғайра 7,3 дарсад пешгӯӣ мекунанд.

Рақамисозии мушкилсоз

Эмомалӣ Раҳмон дар бахши молӣ дастур дод, ки рақамисозии молӣ ва андоз ё молиётиро густариш диҳанд. Тайи ду соли оянда ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод, бонки миллӣ ва идораҳои дигар вазифадор шудаанд, то низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама ҳавзаҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои хурдафурӯшӣ ва хадамотӣ ба таври комил иҷро кунанд. Дастурҳои ба ин монанд дар паёми соли 2022 низ гуфта шуданд.

Қаблан дар моҳи июни соли 2023 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, то пардохтҳои ҳама намуди боҷҳои гумрукӣ ва ҷаримаҳо ба таври ғайринақдӣ пардохта ва “Пойгоҳи додаҳои воҳиди хидматрасониҳои рақамӣ” таъсис дода шаванд. Аммо ин дастурҳо дар амал то охир амалӣ намешаванд. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар қадами аввал набудани заминаи фаннӣ, интернети суст ва адами маҳорат дар миёни бахшҳои бузурге аз мардум барои истифода аз фанновариҳои рақамӣ боис ба иҷро нашудани ин дастурҳо мегардад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Президенти Тоҷикистон ҳангоми ироаи паём ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои маҳаллиро вазифадор кард, ки шаффофияти кори худро баланд, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузориро беҳбуд бахшанд ва монеаҳои маъмурӣ ва маснӯиро, ки роҳи соҳибкориро мегиранд, бартараф намоянд.

Душанбе, 28-уми декабри 2023
Душанбе, 28-уми декабри 2023

Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2022 фармонеро имзо кард, ки бар асоси он анвои бозрасӣ аз воҳидҳои тиҷорӣ барои муддати як сол мутаваққиф шуданд. Он замон гуфта шуд, ки ин фармон барои қабули қонуни танзими муносибатҳои моратория замина эҷод мекунад. Назорат бар иҷрои ин фармон тавассути додситонӣ эъмол хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин, соҳибкорон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки моратория ба таври лозим иҷро ва назорат намешавад. Соли 2023 беш аз 21 ҳазор соҳибкор шуғли худро дигар карданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 ба Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ ба кишвар омадааст, ки 113,6 миллион доллар нисбат ба соли гузашта бештар аст. Кишварҳои асосии сармоягузор Қазоқистон, Чин, Русия, Люксембург, Итолиё, Амрико, Бритониё, Олмон, Туркия ва Узбекистон мебошанд.

Бо ин ҳол, дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бахши фазои сармоягузорӣ Тоҷикистон дар мақоми “ҷойҳои душвор барои роҳандозии тиҷорат барои сармоягузори хориҷӣ” қарор дорад. Муаллифон далели асосии онро заъф дар ҳокимияти қонун махсусан дар муносибат ба ҳаққи моликият медонанд. Коршиносон низ ба инҳисор ё монополияи саноеи даромадзо аз тарафи гурӯҳҳои наздик ба давлат, ки аз пуштибонии пурраи ҳукумат бархурдоранд, таъкид мекунанд.

Тибқи иттилои “Назорати сармоягузориҳои мутақобил – 2023”, ки аз сӯи Бонки рушди АвруОсиё гузаронда шудааст, Тоҷикистон танҳо 2 дарсад аз сармоягузориҳои мутақобил дар Осиёи Марказиро ба худ ихтисос додааст.

Сайёҳӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба бахши сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус кард. Ӯ бо ҳадафи эҷоди назорат бар ин бахш пешниҳоди эҷоди гурӯҳи корие ба раҳбарии муовини сарвазир ва ҷалби яке аз муовинони раиси вилоятро кард, то барномаҳоеро дар ин замина иҷро ва гузориши фаслӣ ба ҳукумат ироа кунад. 31-уми январи соли 2024 Раҳмон дар масъалаи эҷоди гурӯҳи корӣ фармон содир кард.

Бонки Ҷаҳонӣ пештар дар гузориши худ арзиши баланди билет ба Тоҷикистон ва норасоии хатсайрҳои дохилӣ, рушди кунди зерсохторҳои сайёҳӣ ва интернет бахусус дар ноҳияҳои дурдаст ва шароити бади беҳдоштро аз мушкилиҳои аслии сайёҳӣ унвон кард. Коршиносони ин бахш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба вуҷуди монеаҳои маъмурӣ барои сайёҳони хориҷӣ, пуштибонии заифи давлат аз тиҷорат ва фасод ишора мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро соли сайёҳӣ ва дар соли 2019 сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард.

Баланд бардоштани маош ва дастгирии иҷтимоӣ

Раиси ҷумҳурӣ аз афзоиши 30-дарсадии нафақа, бима ва коргарӣ ва афзоиши 40-дарсадии маоши кормандони давлатӣ ва боло бурдани маоши ҳадди ақал то 800 сомонӣ аз 1-уми июли соли 2024 хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, соли 2023 барои дастгирии қишри осебпазир чор миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Аммо тибқи арзёбии коршиносон ин кумак хеле ночиз аст ва танҳо бахше аз аҳолиро фаро мегирад.

Бино бар ин, ёриҳои ҳадафманд дар соли 2024 беш аз 11 дарсад бештар мешаванд ва аз 612 сомонӣ то 680 сомонӣ боло мераванд. Пардохти солона ба кӯдакони оилаҳои камбизоат аз 34 сомонӣ ба 72 афзоиш меёбад.

Тибқи омори расмӣ мизони фақр дар Тоҷикистон 22,5 дарсад аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки кумаки иҷтимоӣ аз давлат 222 ҳазор одам ё 2,2 дарсади аҳолӣ дарёфт мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол касри буҷетро аз ҳисоби грант ва қарзҳои созмонҳои хориҷӣ такмил мекунад. Он дар соли 2024 ба 1,15 миллиард доллар боло хоҳад рафт.

Буҷети Тоҷикистон яке аз ношаффофтаринҳо дар ҷаҳон аст, ки ҳудуди 20 дарсади ҳазинаҳо дар соя қарор доранд. Дар феҳристи Баррасии буҷети бози ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои охирин қарор дорад.

Дар маҷмуъ, қисмати бештари паёми солонаи раиси ҷумҳурӣ хосияти сиёсӣ дорад. Дар масоили иҷтимоӣ-иқтисодии паём таваҷҷуҳ ба рақамҳо мешавад, аммо мизони таваррум дар назар гирифта намешавад.

XS
SM
MD
LG