Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Сафорати ИМА ба шаҳрвандонаш дар Маскав


Бинои Сафорати Амрико дар Маскав
Бинои Сафорати Амрико дар Маскав

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Русия, аз хатари ҳамлаи ифротгароён ба маконҳои серодами шаҳри Маскав хабар додааст.

Дар иттилои Сафорат, ки бегоҳи 7-уми март пахш шуд, омадааст, ифротгароён гӯё нақша доштаанд, ки ба иштирокчиёни чорабиниҳои оммавӣ дар Маскав, дар давоми 48 соати наздик ҳамла кунанд.

Сафорат ба шаҳрвандони Амрико дар Маскав тавсия додааст, ки эҳтиёткор бошанд ва аз ҳузур дар маконҳои серодам худдорӣ кунанд. Мақомоти Русия то ин дам дар ин бора изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG