Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Мардум барои ду сол хӯрок захира кардаанд." Сокинон: "Аз куҷо?"


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Масъулони Кумитаи бехатарӣ ё амнияти озуқаворӣ иддао доранд, ки мардуми Тоҷикистон хӯроки дусолаи худро захира кардаанд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, барои рӯзгузаронӣ пули кофӣ надоранд. Иддае тасдиқ карданд, ки танҳо барои як моҳ мавод захира кардаанд, на ду сол.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мегӯяд, ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ захираи сокинонро дидааст. Аз ҳеч шаҳру ноҳия ном набурд.

“Мо намояндаҳои ҳукумат дар ҳар шаҳру ноҳия вобаста шудаем. Меравем, мебинем, дар ҳақиқат, захираи дусолаи мардум дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд. Дар бисёре аз ҷойҳо барои як сол, якуним сол, ду сол маҳсулот ҳаст,” – гуфт ӯ.

Чанд сол боз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баъзе аз суҳбату ҷаласаҳо ба доштани захираи дусола таъкид мекунад. Чизе, ки қисми зиёди мардум ва коршиносон имконнопазир медонанд.

Файзуллозода гуфт: “Захира ба он маводе дахл дорад, ки зуд вайрон намешавад. Масалан, гандум, лубиё, мош, нахуд, наск. Инчунин, маваю сабзавоте, ки хушк мекунем.”

Баъзе аз коршиносон бар инанд, ки захираи дусолаи хӯрокворӣ дар шароити ҳозира барои сокинон осон нест. Онҳо ба ҳақиқат будани суханони раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ шубҳа доранд.

"Чунин шароит надоранд. Чӣ тавре дар давраи Шӯравӣ мегуфтанд "живём от копейки до копейки". Яъне, пулашон нӯг ба нӯг мерасад. Фарз кардем, маоши якмоҳа барои хӯрок расад, барои захираи дусола магар ин ки қарз бигиранд,” – мегӯяд иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев.

Пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинони пойтахт ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар бораи тавони захираи дусолаи ғизо назари яксон надоранд.

“Барои захира кардан имкон нест. Дар рӯзҳои истироҳат кӯдаки мадумро нигоҳ мекунам, 25-50 сомонӣ мегирам. Дору мехарам. Се духтар дорам, онҳо ёрӣ медиҳанд. Захира аз куҷо?” – гуфт яке аз роҳгузарон.

Дигаре афзуд: “Барои як моҳ захира карда метавонем. Барои захираи се-чормоҳа имконият нест.”

“Гандум дорем, вале чизҳои дигарро захира карда намешавад. Аз бозор мехарем,” – иброз дошт як мусоҳиби мо.

Суҳбатҳо дар бораи захираи дусолаи хӯрок дар ҳолест, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ, баробар ба 230 доллар, аст. Сокинон борҳо аз нокофӣ будани он дар баробари афзоиши нархи молу маҳсулот ибрози ташвиш кардаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Захираи дусола хуб аст, вале имконашро надорем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
XS
SM
MD
LG